Май 29, 2018 09:03 Asia/Dushanbe
  • Қобили пешбинӣ набудани вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Фармондеҳи нерӯи марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муътақид аст, ки ба далели ҳузури гурӯҳи террористии ДИИШ дар марз бо Афғонистон авзоъ дар ин минтақа қобили пешбинӣ нест.

Ба гузориши хабаргузории ОИР “Новости”, генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ гуфтааст, ки акнун дар қаламрави Афғонистон ҷангҷӯёни вобаста ба Толибон, ДИИШ, ҷамоати “Ансороллоҳ”, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ ва “Алқоида” ҳузур доранд, ки ҳузури онон мӯҷиби ташаннуҷи авзои амниятии Афғонистон шуда ва дар манотиқе аз марзи муштарак бо Тоҷикистон низ таҷаммӯи ин ҷангҷӯён мушоҳида мешавад. Ӯ таъкид кардааст, ки марзбонони тоҷик дар тамоми постгоҳҳои марзии Тоҷикистон барои муқобила бо ҳар гуна таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқчиёни афғонистонии маводи мухаддир гурӯҳҳои вижаи амалиётӣ таъсис кардаанд, ки дар сурати лозим ба талошҳо барои вуруд ба дохили Тоҷикистон вокуниш нишон хоҳанд дод.

Дар ин авохир мақомоти амниятии Тоҷикистону Русия аз интиқоли ҷангҷӯёни вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ аз Сурия ва Ироқ ба шимоли Афғонистон ва дар наздикии марзи се кишвари Осиёи Марказӣ, яъне Узбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ибрози нигаронӣ кардаанд. Тоҷикистон бо Афғонистон ҳазору 380 километр марзи муштарак дорад ва борҳо қочоқчиёни маводи мухаддир зимни убур ва интиқоли анвои маводи мухаддир аз ин масир боздошт шудаанд. Гуфта мешавад, қочоқчиён аз ин масир барои интиқоли маводи мухаддир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия истифода мекунанд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола аз рӯзи 28-уми май ба унвони Рӯзи марзбон таҷлил мекунанд.