Май 29, 2018 09:34 Asia/Dushanbe
  • Ваъдаи афзоиши тавлиди арзиз дар соли 2018 дар Тоҷикистон

Корхонаи арзизи Тоҷикистон эълом кард, ки имсол тавлиди ин маҳсулро ба 168 ҳазор тонна хоҳад расонд. Ба гузориши “Азия плюс”, ин мизон арзиз дар муқоиса бо соли қабл 65 ҳазор тонна бештар хоҳад буд.

Бар асоси барномаи рушди тавлиди солиёнаи арзиз дар Корхонаи арзизи Тоҷикистон қарор аст, дар соли 2020 тавлиди ин маҳсул ба мизони 349 ҳазор тонна ва дар соли 2030 ба 380 ҳазор тонна бирасад. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2017 Ширкати алюминиуми Тоҷикистон 103 ҳазор тонна маҳсул тавлид кард, ки дар муқоиса бо соли қабл аз он 26 ҳазор тонна ва нисбат ба соли 2012 ба мизони 175 ҳазор тонна камтар буд. Мақомоти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон далели коҳиши тавлиди арзиз дар ин кишварро аз кор афтодани кӯрраҳои об кардани маводи аввалия ва сари вақт нарисидани маводи сӯхт эълом кардаанд.

Қаблан мудирияти Ширкати арзизи Тоҷикистон гуфта буд, ки дар соли 2018 кори сохти корхонаи ҷадидеро бо ҳазинаи як миллиарду 600 миллион доллар бо як ширкати чинӣ оғоз хоҳад кард, ки зарфияти тавлиди маҳсули он 503 ҳазор тонна дар сол хоҳад буд.