Бозпурсии муовини шаҳрдори Душанбе
Қурбон Саидзода, муовини Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар умури ҳамлу нақл шаби гузашта мавриди бозпурсӣ қарор гирифт.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ки ин хабарро бо такя ба манобеи худ мунташир кардааст, иллати бозпурсии Саидзодаро масоили марбут ба хариди 50 автобус аз кишвари Туркия унвон кардааст. Бинобар эъломи ин манбаъ, муовини шаҳрдори Душанбе то нимашаби 28-уми май дар сохтмони Ожонси мубориза бар зидди фасод ва назорати молии Тоҷикистон таҳти бозпурсӣ қарор дошт ва ҳанӯз хабари раҳоии ӯ аз ин моҷаро мунташир нашудааст.
Қурбон Саидзода ҳамзамон бо интисоби Рустам Эмомалӣ, писари Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми шаҳрдори пойтахт ба унвони муовини ӯ машғул ба кор шудааст. Гуфтанист, бахши ҳамлу нақли шаҳрӣ, ки таҳти раёсати Саидзода аст, аз ҷумлаи бахшҳои мавриди интиқоди мардум муаррифӣ шудааст.