Май 30, 2018 11:31 Asia/Dushanbe
  • Монеаҳои сафари гардишгарони хориҷӣ ба Бадахшони Тоҷикистон

Бо вуҷуди қарор гирифтани вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар феҳристи 100 макони ҷаззоби ҷаҳон барои гардишгарон, ҳанӯз ҳам монеаҳои зиёде сари роҳи ҷаҳонгардони хориҷӣ барои сафар ба ин минтақаи мунҳасир ба фарди кӯҳистонӣ вуҷуд дорад.

Ба гузориши “Азия плюс”, дар ҳоле ки соли 2018 дар Тоҷикистон “Соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълом шудааст, сафар ба вилояти Бадахшони ин кишвар барои гардишгарони хориҷӣ бо монеаҳои зиёде ҳамроҳ аст.

Вилояти Бадахшон минтақаи умдатан кӯҳистонӣ аст, ки 50 дарсади кулли масоҳати Тоҷикистонро дар бар мегирад ва ҷамъияташ ду дарсад аз ҷамъияти ин кишварро ташкил медиҳад ва барои гардишгарони хориҷӣ яке аз маконҳои ҷаззоб ва диданӣ ба ҳисоб меояд.

Аммо гардишгарони хориҷӣ бояд қабл аз рафтан ба ин минтақа, ки дар марзи муштарак бо Афғонистон, Қирғизистон ва Чин воқеъ шудааст, аз идораи сабти шаҳрвандон ва шиносномадиҳии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон муҷаввиз дарёфт кунанд, ки ин амр боиси эҷоди сафҳои тӯлонӣ ва замонбар шудааст.

Нур Сафаров, иқтисоддони тоҷик муътақид аст, ба сабаби ҳаммарз будани вилояти Бадахшони Тоҷикистон бо Афғонистон, аз замони Шӯравӣ низоми сафар бо муҷаввиз вуҷуд дошт, ки ин муқаррарот ҳанӯз ҳам бекор нашудааст.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи вай танҳо роҳи касби даромад дар вилояти Бадахшон, ки бидуни корхонаҳои саноатии бузург аст, хадамот ба гардишгарони хориҷӣ аст, ки боиси рушди иқтисоди ин минтақа мешавад.

Ба гуфтаи бештари коршиносони тоҷик, барои ҷазби гардишгарони хориҷӣ бештар барои сафар ба вилояти Бадахшон бояд Ҳукумати Тоҷикистон иродаи сиёсӣ нишон диҳад ва монеаҳои мухталифи идориро бартараф кунад.