Май 30, 2018 12:42 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Амрико аз фазои динӣ дар Тоҷикистон

Давлати Амрико бо интиқод аз фазои динӣ ва вазъияти мазҳаб дар Тоҷикистон, номи ин кишварро дар феҳристи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” овардааст.

Ба гузориши расонаҳои Тоҷикистон, маҷмӯаи эродот ва арзёбиҳои давлати Амрико аз фазои динӣ дар Тоҷикистон, дар санади Департаменти давлатии Амрико бо унвони “Гузориши байналмилалӣ дар бораи озодии дин дар соли 2017” гунҷонда ва ин санад рӯзи сешанбе дар Вазорати хориҷаи Амрико рӯнамоӣ шуд.

Департаменти давлатии Амрико бо истинод ба фаъолияти созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон, контроли давлати Тоҷикистон бар фаъолияти мусалмонон ва низ сабт нашудани созмонҳои динӣ дар ин кишварро мадди назар қарор додааст.

Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, мақомоти тоҷик занонро ба иллати доштани ҳиҷоб ва мардонро ба хотири гузоштани риш таҳти фишор ва озор қарор медиҳанд.

Дар “Гузориши байналмилалӣ дар бораи озодии дин дар соли 2017” илова бар ин ки ба таътилӣ ва тағйири корбарии ду ҳазор масҷид дар Тоҷикистон тайи соли 2017 ишора шуда, ҳамчунин сабти се ҳазору 900 масҷид ва муассисаи расмӣ низ зикр шудааст.

Амрико дар гузашта низ бо интишори гузоришоте аз вазъияти озодиҳои динӣ ва маданб дар Тоҷикистон интиқод карда буд, ки ин мавзуъ ҳамвора аз сӯйи мақомоти тоҷик рад мешуд.