Интиқолоти низомии Тоҷикистон аз хоки Узбакистон мумкин шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i34918-Интиқолоти_низомии_Тоҷикистон_аз_хоки_Узбакистон_мумкин_шуд
Бо тасвиби созишномаи ҳамкориҳои низомӣ бо Узбакистон дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имкони интиқоли нерӯ ва таҷҳизоти низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз қаламрави кишвари ҳамсоя фароҳам шуд.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 31, 2018 08:51 Asia/Dushanbe
  • Интиқолоти низомии Тоҷикистон аз хоки Узбакистон мумкин шуд

Бо тасвиби созишномаи ҳамкориҳои низомӣ бо Узбакистон дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имкони интиқоли нерӯ ва таҷҳизоти низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз қаламрави кишвари ҳамсоя фароҳам шуд.  

Ба нақл аз Toptj, акнун Вазорати дифои Тоҷикистон метавонад ба муддати панҷ сол нерӯ ва таҷҳизоти низомии худро аз қаламрави Узбакистон ба шимоли Тоҷикистон бо истифода аз роҳи оҳан интиқол диҳад.

Қаблан барои интиқол нерӯ ва таҷҳизоти низомии Тоҷикистон аз қаламрави Узбакистон бояд бо чанд вазорат ва созмони давлатии Тошканд музокира мешуд, ки ҳам замонбар буд ва ҳам ба дарёфти иҷозатномаи идороти мухталифи кишвари ҳамсоя ниёз дошт.