Интиқолоти низомии Тоҷикистон аз хоки Узбакистон мумкин шуд
Май 31, 2018 08:51 Asia/Dushanbe
Бо тасвиби созишномаи ҳамкориҳои низомӣ бо Узбакистон дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имкони интиқоли нерӯ ва таҷҳизоти низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз қаламрави кишвари ҳамсоя фароҳам шуд.
Ба нақл аз Toptj, акнун Вазорати дифои Тоҷикистон метавонад ба муддати панҷ сол нерӯ ва таҷҳизоти низомии худро аз қаламрави Узбакистон ба шимоли Тоҷикистон бо истифода аз роҳи оҳан интиқол диҳад.
Қаблан барои интиқол нерӯ ва таҷҳизоти низомии Тоҷикистон аз қаламрави Узбакистон бояд бо чанд вазорат ва созмони давлатии Тошканд музокира мешуд, ки ҳам замонбар буд ва ҳам ба дарёфти иҷозатномаи идороти мухталифи кишвари ҳамсоя ниёз дошт.