Содироти мошинҳои кишоварзии Русия ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i34920-Содироти_мошинҳои_кишоварзии_Русия_ба_Тоҷикистон
Ширкатҳои кишоварзӣ ва санъатии Русия ва Тоҷикистон барои содироти мошинҳои мавриди ниёзи бахши кишоварзии Тоҷикистон аз Русия ба тавофуқ расиданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 31, 2018 04:46 Asia/Dushanbe
  • Содироти мошинҳои кишоварзии Русия ба Тоҷикистон

Ширкатҳои кишоварзӣ ва санъатии Русия ва Тоҷикистон барои содироти мошинҳои мавриди ниёзи бахши кишоварзии Тоҷикистон аз Русия ба тавофуқ расиданд.

Ба нақл аз Тоҷикта, дар ҳошияи шашумин Ҳамоиши ҳамкориҳои минтақаии Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ширкати русии “Трактор” бо ширкати тоҷикистонии “Сароб” барои содироти мошинҳои мавриди ниёзи бахши кишоварзии Тоҷикистон тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо карданд.  

Ҷамила Саидова, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон гуфтааст, ки ба ғайр аз созишномаи содироти мошинолоти мавриди ниёзи бахши кишоварзии ин кишвар аз Русия, Душанбе ва Маскав бар сари сохти маркази тиҷории муштарак дар пойтахти Тоҷикистон низ ба тавофуқ расиданд.