Май 31, 2018 09:16 Asia/Dushanbe
  • Содироти мошинҳои кишоварзии Русия ба Тоҷикистон

Ширкатҳои кишоварзӣ ва санъатии Русия ва Тоҷикистон барои содироти мошинҳои мавриди ниёзи бахши кишоварзии Тоҷикистон аз Русия ба тавофуқ расиданд.

Ба нақл аз Тоҷикта, дар ҳошияи шашумин Ҳамоиши ҳамкориҳои минтақаии Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ширкати русии “Трактор” бо ширкати тоҷикистонии “Сароб” барои содироти мошинҳои мавриди ниёзи бахши кишоварзии Тоҷикистон тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо карданд.  

Ҷамила Саидова, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон гуфтааст, ки ба ғайр аз созишномаи содироти мошинолоти мавриди ниёзи бахши кишоварзии ин кишвар аз Русия, Душанбе ва Маскав бар сари сохти маркази тиҷории муштарак дар пойтахти Тоҷикистон низ ба тавофуқ расиданд.