Май 31, 2018 10:00 Asia/Dushanbe
  • Натиҷагирӣ аз сафари ҳайъати Сандуқи байналмилалии пул ба Тоҷикистон

Ҳайъати эъзомии Сандуқи байналмилалии пул ба Душанбе, бозгашти эътимоди мардуми Тоҷикистон ба бонкҳои ин кишварро зарурӣ донист.  

Ба нақл аз сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, ин ҳайъат бо натиҷагирӣ аз 9 рӯз ҳузури худ дар ин кишвар эълом кардааст, ки бояд барои беҳбуди фаъолияти бонкҳои Тоҷикистон тадобири фаврӣ андешида шавад, ки муҷиби барқарории эътимоди дубораи мардум ба низоми бонкии Тоҷикистон гардад.

Дар паи буҳрони молӣ, ки аз 2014 оғоз шуд, низоми бонки Тоҷикистон ба шиддат осеб дида ва мардум наметавонанд пулҳои худро аз ду бонки буҳронзада “Тоҷиксодиротбон” ва “Тоҷпромбонк” бозпас гиранд, ки ин масъала муҷиби коҳиши эътимоди шаҳрвандони Тоҷикистон ба низоми бонкии кишварашон шудааст.  

Ихтисоси қарз ба бахши хусусӣ низ коҳиш ёфтааст, ки ба рушди иқтисоди Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад.