Май 31, 2018 14:29 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо нахуствазири Русия  

Дар дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон ва нахуствазири Русия дар Душанбе, дӯрнамои муносиботи дӯстона ва равобити судманди дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши Спутник, Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор таъкид кард, рушди муносибот бо Русия, яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст ва Тоҷикистон дар оянда низ ҷонибдори рушди муносибот бо Русия хоҳад буд.

Дмитрий Медведев низ дар ин дидор саломи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русияро ба Эмомалӣ Раҳмон расонд ва хостори он шуд, ки ҳамаи ҷанбаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шаванд.

Яке аз муҳиммтарин мавзӯъҳое, ки дар ин дидор дар бораи он табодули назар шуд, баҳси ҳузури муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия буд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Медведев осон кардани қоидаҳои зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, афзоиши сатҳи саломати муҳоҷирони корӣ ва ҷалби онҳо ба бозори кори Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар оғози ин дидор раисиҷумҳури Тоҷикистон, Медведевро ба муносибати таъйин шуданаш ба мақоми нахуствазирӣ табрик кард.

Нахуствазири Русия низ тағйироти ахири симои шаҳри Душанберо мавриди таваҷҷуҳ қарор дод ва гуфт: «ман пас аз муддатҳо ба Душанбе омадам ва мебинам, ки симои шаҳр воқеан тағйир карда ва зеботар шудааст.»

Қарор аст, Медведев бо Қоҳир Расулзода, ҳамтои тоҷики худ низ дидор кунад.

Дмитрий Медведев, ки дар сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада, фардо аввали июн дар нишасти Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе, ширкат мекунад.