Июн 02, 2018 09:13 Asia/Dushanbe
  • Cохти панҷ мактаб дар Тоҷикистон аз сӯйи Русия

Вазири маориф ва илми Русия эълом кард, кишвараш дар Тоҷикистон панҷ мактаб месозад.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, хонум Олга Василева дар дидор бо Нуриддин Саид, ҳамтои тоҷики худ дар Душанбе гуфтааст, Русия ин мактабҳоро бо сармоягузории худ сохта ва ба имконоти омӯзишӣ, муаллим ва китоб таҷҳиз хоҳад кард.

Бар асоси ин тавофуқ, муаллимони риштаҳои мухталиф барои тадрис дар ин мактабҳо низ аз Русия фиристода хоҳанд шуд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон шуъбаҳои чаҳор донишгоҳи давлатии Русия фаъолият мекунанд ва дар соли 2017 Маскав барои 618 донишҷӯи тоҷик барои таҳсил дар марокизи донишгоҳии худ бурсия ихтисос додааст.

Ин дар ҳолест, ки Русия дар соли 2017 барои тадрис дар мактабҳои Тоҷикистон 30 муаллим ба ин кишвар фиристод ва имсол низ 30 омӯзгори дигар ба Тоҷикистон хоҳанд омад.

Бештари муаллимони русзабон пас аз як соли фаъолият дар мактабҳои ин кишвар, ризоияти худро аз шароити маишатӣ ва бархурди мӯҳтарамонаи масъулон ва мардуми Тоҷикистон эълом ва хостори идомаи кору зиндагӣ дар ин кишвар шудаанд.

Ҳукумати Русия мутааҳҳид шудааст, бо пардохти 60 ҳазор рубл (бо қимати феълӣ ҳудуди ҳазор доллар), бимаи дармонӣ ва ҳазинаи бори изофии муаллимони забони русиро дар сафарҳои ҳавоӣ ба Тоҷикистон таъмин кунад.

Ҳамчунин бар асоси қарордоди дуҷониба, кишвари Тоҷикистон низ маскан ва ҳазинаи парвози омӯзгорони забони русиро таъмин мекунад.

Ин иқдом бо ҳадафи афзоиши кайфияти тадриси забони русӣ дар Тоҷикистон, афзоиши теъдоди мактабҳои русӣ дар ин кишвар ва таҳкими равобити илмӣ ва фарҳангии Маскав ва Душанбе анҷом мешавад.