Июн 03, 2018 08:58 Asia/Dushanbe

Бозори Султони Кабир, яке аз бузургтарин бозорҳо дар шаҳри Душанбе шаби гузашта дучори оташсӯзӣ шуд.

Шоҳидон гуфтаанд ин оташсӯзӣ соати ҳудудан 20:30 дақиқаи шаби якшанбе аз табақаи аввали бинои шаштабақаи маркази фурӯши мавсум ба "Осиё", ки мағозаҳои зиёдеро дар худ ҷой дода, шурӯъ шуд ва то табақаи севуми бино густариш ёфт.

Билофосила пас аз ин иттифоқ, неруҳои вижа ва оташнишонӣ дар маҳали оташсӯзӣ ҳузур пайдо карданд.

Зарарҳои ин оташсӯзии бузург ҳанӯз мушаххас нашудааст, аммо теъдоде аз тоҷирон гуфтаанд, ҳазорон доллар сармояи худро аз даст додаанд.

Бисёри касоне, ки ба маҳали ҳодиса омада буданд, мағозадороне буданд, ки сармояи онҳо дар ин бозор дар ҳоли аз байн рафтан буд ва баъзе ҳатто қасд доштанд ба дохили бозор рафта ва сармояи худро наҷот диҳанд, ки пулис аз вуруди онҳо ҷилавгирӣ кард.

Пас аз пароканда кардани издиҳом ба сӯхторнишонҳо муяссар шуд, ки билохира оташро фурӯ бинишонанд.

Ҳануз дар бораи сабаби вуқӯи чунин оташсӯзии бузург дар бозори Султони Кабир иттилое мавҷуд нест, аммо чунин ҳодисаҳое қаблан дар баъзе бозорҳои дигари шаҳри Душанбе низ рух дода буд.