Июн 03, 2018 09:33 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани сарбози марзбонӣ 10 рӯз пеш аз поёни хидмат

Волидайни як сарбози неруи марзбонии Тоҷикистон, ки 10 рӯз пеш аз поёни давраи хидмати дусолааш дар моҳи марти соли ҷорӣ бар асари лату куби ду афсар ҷони худро аз даст дод, шадидтарин муҷозотро барои муттаҳамони ин ҳодиса хостор шудаанд.

Ба гузориши сомонаи Toptj.com, волидайни Мазбутҷон Мансуров, ки довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд ва 10 рӯз қабл аз поёни давраи дусолаи хидмат дар яке аз воҳидҳои неруи марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бар асари лату куби ду афсар ҷони худро аз даст додааст, мӯътақиданд, ки додгоҳи низомии шаҳри Бохтар барои муттаҳамони ин ҳодиса маҳкумияти сабук дар назар гирифтааст ва бояд Додгоҳи олии ин кишвар ба ин моҷаро расидагӣ кунад.

Ин додгоҳ Меҳриддин Нуровро ба иттиҳоми фаро рафтан аз симати худ дар ҳодисаи марги сарбоз Мазбутҷон Мансуров ба 2 сол зиндони машрут маҳкум кардааст ва таҳқиқ барои мушорикати Идимат Пиров афсари дигари неруи марзбонӣ дар ин моҷаро идома дорад ва эҳтимол дорад вай ба зиндони тулонимуддат маҳкум шавад.

Аммо Мардон Мансуров падари ин сарбози кушташуда бо эътироз ба ин ҳукм тавассути вакили мудофеи хонаводаи хеш аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостааст, ки ба ин моҷаро расидагӣ кунад.

Мақомоти неруи марзбонии Тоҷикистон гуфта анд, ки аз 4 афсари дастдошта дар ҳодисаи марги сарбоз Мазбутҷон Мансуров 2 нафар аз симатҳои худ барканор ва 2 нафари дигар боздошт шудаанд.

Аз сӯи дигар Дафтари созмони ғайридавлатии мавсум ба "Озодиҳои шаҳрвандӣ", ки ҳаводиси маргу мири сарбозон дар неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад, аз дарёфти 4 мавриди шикоят дар заминаи лату куби сарбозон аз сӯи афсарон ва ҳамқаторони онон дар соли ҷорӣ хабар додааст.

Нуктаи қобили мулоҳиза дар ин ҳодисаҳо тайи солҳои ахир, марги сарбозоне аст, ки довталабона ба хидмати низомӣ рафта ва бар асари лату куб ҷони худро аз даст додаанд.