Маҳдудияти вуруд ба марказҳои бозиҳои интернетӣ дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 03 Jun 2018 05:31:43 GMT )
Июн 03, 2018 10:31 Asia/Dushanbe
  • Маҳдудияти вуруд ба марказҳои бозиҳои интернетӣ дар Тоҷикистон

Вуруди афроди зери 18 сол аз соати 18 шаб ба баъд, ба марокизи бозиҳои интернетӣ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълом шуд.

Ба гузориши сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, ин мамнӯъият бар асоси ислоҳияи қонуни масъулияти волидайн дар тарбияти фарзандон эъмол мешавад, ки дар нимаи моҳи майи гузашта дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тасвиб ва акнун иҷроӣ шудааст.

Бар асоси ин ислоҳияи қонунӣ, неруҳои интизомӣ муваззаф шудаанд, бо вуруд ба марокизи бозиҳои интернетӣ, раванди иҷрои онро назорат кунанд.

Дар сурати ҳузури афроди зери 18 сол ба ин марокиз, онон боздошт ва бо ташкили парванда ба додгоҳ муаррифӣ хоҳанд шуд ва ҷаримаи молӣ низ дар интизори волидайни онҳо хоҳад буд.

Абдурраҳмон Аламшозода муовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон бо ҳимоят аз ин иқдом гуфтааст, тайи панҷ соли ахир барои нақзи қонуни масъулияти волидайн дар тарбияти фарзандон, бо ҳукми додгоҳҳо беш аз 60 ҳазор нафар маҳкум ба пардохти ҷаримаи молӣ шудаанд.

Аз ин рӯ волидайн набояд иҷоза диҳанд, ки фарзандони ноболиғ ва зери 18 соли онон пас аз соати 18 дар марокизи бозиҳои интернетӣ ҳузур дошта бошанд.

 Вай яке аз авомили афзоиши хушунат ва даргириҳои гурӯҳӣ дар миёни насли ҷавон дар Тоҷикистонро намоиши филмҳои хориҷии бо муҳтавои хушунат ва одамкушӣ дар марказҳои интернетии ин кишвар унвон карда, ки сабаби ҷорӣ намудани маҳдудият барои ҳузури афроди зери 18 сол дар ин марокиз шудааст.