Июн 03, 2018 12:36 Asia/Dushanbe
  • Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Хатлон

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи сафар ба вилояти Хатлон, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия Данғара дидан ва бо фаъолон ва кишоварзони ин вилоят гуфтугӯ кард.

Ба гузориши дафтари матбуоти раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин намоишгоҳ кишоварзон аз шаҳр ва ноҳияҳои мухталифи вилояти Хатлон беҳтарин маҳсулоти худ аз ҷумла мева, сабзавот, гиёҳони доруӣ ва ғайраро дар маърази дид қарор дода буданд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон баъди огоҳ шудан аз пешрафтҳои бахши кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, як нишасти машваратӣ бо ҳузури фаъолон ва кишоварзон дар макони хушобуҳаво дар ноҳияи Данғара баргузор кард.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали июн бо як сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафтааст.