Июн 03, 2018 13:24 Asia/Dushanbe
  • Радди хабари маҳдудиятҳо дар иди саиди Фитр дар Тоҷикистон

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо интишори иттилоияе дар вебгоҳи расмиаш, ахбори  марбут ба ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар иди саиди Фитрро беасос хонд.

Дар ин иттилоияи Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, махсусан, дар чунин матлабҳо иддао мешавад, ки гӯё дар рӯзи иди Фитр дар макотиби кишвар имтиҳонҳо гузаронида мешавад. Ин дар ҳоле, ки ҳанӯз таърихи дақиқи иди саиди Фитр аз ҷониби Шӯрои уламои ҷониби Маркази исломӣ эълон нагардидааст ва нашри чунин хабарҳои ғайри муътамад ҳам боварии хонандагон ба расонаҳоро коста мегардонад, ҳам нофаҳмиҳои дигарро дар ҷомеа ба миён оварда метавонад.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон нашри ҳар хабари носанҷидаи марбут ба масоили диниро маҳкум менамояд ва аз расонаҳои иттилоотӣ даъват ба амал меорад, ки дар самти нашри ахбори соҳаи дин бо мақоми ваколатдор ҳамкорӣ намоянд.