Вазири дифои Тоҷикистон ба Русия сафар кард
Июн 05, 2018 20:35 Asia/Dushanbe
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ба манзури ширкат дар Нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди давлатҳои мустақил) ба Кизил яке аз шаҳрҳои Русия сафар кард.
Ба нақл аз Форс, сухангуи Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт: Дастури кори ин ҷаласа шомили 24 мавзуъ аст.
Фаридун Маҳмадалиев афзуд: Ин мавзуот шомили авлавиятҳои ҳамкориҳои низомии кишварҳои ИДМ то 2020, баргузории бозиҳои байналмилалии низомии “Арми-2018” ва тамриноти компютерии муштараки системи дифои ҳавоии “амнияти минтақаӣ-2018” аст.