Гармои 40 дараҷа дар роҳи Тоҷикистон
(last modified Thu, 07 Jun 2018 07:03:09 GMT )
Июн 07, 2018 12:03 Asia/Dushanbe
  • Гармои 40 дараҷа дар роҳи Тоҷикистон

Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон аз афзоиши дамои ҳаво дар бархе минтақаҳои ин кишвар то 40 дараҷаи сонтиград ва ҳатто беш аз он хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Форс дар Душанбе, Бар асоси ин гузориш ин гармои шадид, ки дар рӯзҳои оянда бештар ҳам мешавад аз ҷануб яъне вилояти Хатлон, ки дамои ҳаво дар онҷо  41 то 42 дараҷаи сонтиград афзоиш меёбад, вориди пойтахт мешавад.

Дар айни ҳол дамои ҳаво дар минтақаҳои куҳистонӣ хунактар хоҳад буд.

Бо таваҷҷуҳ ба айоми моҳи Рамазон ва рӯзадор будани шаҳрвандон ба онҳо тавсия шуда дар ин рӯзҳо  аз истодан дар баробари тобиши мустақими офтоб парҳез кунанд.