Мамнуияти рӯзадорӣ барои донишҷӯёни тоҷик дар Чин
(last modified Sat, 09 Jun 2018 04:17:59 GMT )
Июн 09, 2018 09:17 Asia/Dushanbe
  • Мамнуияти рӯзадорӣ барои донишҷӯёни тоҷик дар Чин

Раисони донишгоҳҳои давлатии Чин дар вилояти мусалмоннишини Синкёнги Уйғур (Синтзян)- и ин кишвар ба донишҷӯёни тоҷик дастур додаанд, аз рӯзадорӣ дар моҳи мубораки Рамазон худдорӣ кунанд.

Ба гузориши “ТОП.Тҷ”, масъулони ин донишгоҳҳо қабл аз оғози моҳи мубораки Рамазон аз тамоми донишҷӯёни мусалмон, аз ҷумла тоҷикон тааҳҳуди катбӣ гирифтаанд, ки дар ин моҳ набояд рӯза бигиранд, зеро дар сурати рӯза доштан бо хатари ихроҷ аз ин марокизи омӯзишӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Ҳамчунин наздики соатҳои саҳар, ба шиддат утоқи хоби донишҷӯён контрол мешавад то аз хӯрдани саҳарӣ ҷилавгирӣ ба амал ояд ва дар сурати мушоҳидаи ҳар навъ ғизохурӣ, донишҷӯён бидуни қайду шарт ихроҷ хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, ки раёсати донишгоҳҳои давлатии Чин дар вилояти Синкёнги Уйғур ҳузури донишҷӯёни мусалмон дар ин марокизи омӯзиширо машрут ба намоз нахондан, надоштани адабиёти мазҳабӣ ва нагузоштани риш донистаанд.

Дар ҳоли ҳозир дар донишгоҳҳои Чин наздик ба се ҳазор донишҷӯи тоҷик машғул ба таҳсил дар риштаҳои мухталиф ҳастанд ва бар асоси созишномаи дуҷониба миёни давлатҳои ду кишвар, ҳазинаи таҳсили ононро ҳукумати Чин таъмин мекунад.