Баргузории маросими рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Тоҷикистон+аксҳо
(last modified Sat, 09 Jun 2018 06:15:06 GMT )
Июн 09, 2018 11:15 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Тоҷикистон+аксҳо

Маросими рӯзи ҷаҳонии Қудс бо ҳузури сафирон ва дипломатҳои муқими Душанбе ва ҷамъе аз шахсиятҳои сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс дар Душанбе, Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ба манзури бузургдошти рӯзи ҷаҳонии Қудс маросимеро бо ҳузури сафирон ва дипломатҳои муқими Тоҷикистон ва ҷамъе аз шахсиятҳои сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии ин кишвар баргузор шуд.

Ҳуҷҷатуллоҳ Фиғонӣ-сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон тайи суханоне бузургдошти рӯзи ҷаҳонии Қудсро дар шароити кунунии Фаластин ва ҷаҳони ислом дорои аҳамияти бисёр зиёде донист ва гуфт: Имсол "Рӯзи ҷаҳонии Қудс" дар ҳоле гиромӣ дошта мешавад, ки давлати Амрико бо шиносоии Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти Исроил сафорати худро ҳамзамон бо ҳафтодумин соли ишғоли Фаластин ба ин шаҳр мунтақил намудааст.

Вай ин иқдомро таҳрикомез ва бо мусавваботи маҷмаъи умумии Созмони Миллал, Шурои амният, Созмони ҳамкории исломӣ ва бисёре дигар аз созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақа мутафовит ва муғойир хонд, ки мавҷиби таниш ва бесуботии бештар дар минтақа ва афзоиши хушунат ва ҷиноят алайҳи мардуми Фаластин шуд.

Фиғонӣ бо ишора ба ҳамдастӣ бархе аз давлатҳои исломӣ дар амри амалисозии сиёсатҳои меҳвари Амрико-Исроил изҳор дошт: Ҷумҳурии исломии Эрон иқдомоти зиддибашарии Исроил ва Амрикоро маҳкум мекунад ва бар ин ақида аст, ки барқарори сулҳи одилона ва суботи пойдор дар Фаластин танҳо бо поёни ишғолгарӣ, бозгашти оворагон ва  дидани раъйҳои сокинони аслии Фаластин барои таъини сарнавишти худ ва ташкили давлати мустақили фаластинӣ ба пойтахтии Қудси шариф,  имконпазир хоҳад буд.

Сафири Эрон пешопеш иди саиди Фитрро ба ҳамаи мусулмонон ва ба хусус мардуми бародар ва ҳамфарҳангу ҳамзабони Тоҷикистон табрик гуфт.

Ин маросим бо ифтори меҳмонони ширкаткунанда поён ёфт.