Июн 09, 2018 12:06 Asia/Dushanbe
  • Боздошти додситони зиндонҳои вилояти Суғд

Мақомоти Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, додситон ва нозири зиндонҳо ва муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғдро ба иттиҳоми ришва дастгир карданд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Маъмур Аъзамов, корманди баландпояи додситонии вилояти Суғд рӯзи ҳаштуми июн аз сӯйи мақомоти раёсати вилоятии Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон ҳангоми гирифтани ришва дастгир шуд.

 Бар асоси ин гузориш, Аъзамов ба як зан ваъда дода буд, дар ивази дарёфти 10 ҳазор доллар бародарашро аз зиндон озод мекунад ва ин зан бахше аз пули дархостиро қаблан ба вай дода буд ва қасди пардохти бақияи онро дошт, ки ин бор Аъзамовро ҳангоми таҳвили ришва дар утоқи кориаш дастгир карданд.

 Аммо ин боздошти пурсарусадо баъд аз чанд соат рангу оҳанги дигаре ба худ гирифт.

Иттиҳоми Аъзамов аз моддаи 319 (гирифтани ришва аз сӯйи шахси мансабдор) ба моддаи 247 (қаллобӣ) тағйир кард.

Далели ин тағйири иттиҳом ҳам ин буд, ки эълом шуд, бар асоси қонун Аъзамов салоҳияти озод кардани афрод аз зиндонро надорад ва ба дурӯғ ба он зан ваъда додааст.

Дар натиҷа Маъмур Аъзамов пас аз ҷуброни хисороти зани фиребхӯрда то анҷоми баррасии парвандааш “ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зиндагӣ” озод шуд.