Июн 09, 2018 12:56 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Чин рафт

Раисҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай ба Чин сафар кард.

Қарор аст Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои нӯҳум ва даҳуми июн дар шаҳри соҳилии Синдао баргузор мешавад, ширкат ва суханронӣ кунад.

Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, вазири рушди иқтисод ва тиҷорат, вазири энержӣ ва захираҳои об, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва бархе мақомоти давлатӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай бо меҳварҳои амният, мубориза бо терроризм, масоили тавсеа ва низоми тиҷорати чандҷониба бо ҳузури сарони кишварҳои узв ва нозири ин созмон баргузор мешавад.

Созмони Ҳамкории Шанхай як созмони байналмилалии байнидавлатӣ аст, ки дар таърихи 15-уми июни соли 2001-и мелодӣ дар Шанхайи Чин аз сӯйи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон таъсис шудааст.

Дар нишасти ин созмон, ки дар таърихи 8 ва 9-уми июни соли 2017-и мелодӣ дар шаҳри Остона -пойтахти Қазоқистон баргузор шуд, Ҳиндустон ва Покистон узви доимии Созмони Ҳамкории Шанхай шуданд.

Акнун Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларусия аъзои нозири ин созмон ҳастанд.

Масоҳати умумии кишварҳои узви Шанхай ҳудуди 34 миллион километри мураббаъ (60 дарсади қаламрави АвруОсиё) ва ҷамъияти онҳо беш аз се миллиарду 40 миллион нафар ё нисфи аҳолии Заминро ташкил медиҳад.