Июн 09, 2018 17:41 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисҷумҳурҳои Тоҷикистону Русия бар тавсеаи ҳамкориҳои низомию иқтисодӣ

Раисҷумҳурҳои Тоҷикистону Русия дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Чиндаои Чин дидору гуфтугӯ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Чиндаои Чин дидору гуфтугӯ карданд. Раҳмон дар ибтидои ин мулоқот бо мусбат арзёбӣ кардани сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия хостори густариши бештар он шуд.

Тарафайн дар ин дидор зимни баррасии масоили амниятӣ ба таъмини амнияти минтақа, муборизаи муштарак бо таҳдидоту хатароти ҷаҳони муосир, вазъияти печида дар марз бо Афғонистон таваҷҷуҳи вижа карда ва ҳамкории низомию фанниро аз авлавиятҳои муҳими муносиботи ду кишвар унвон карданд. Тайи ин мулоқот таъкид шуд, ки Русия ба унвони шарики аслии тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд ва барои тақвияти муносибот дар ин масир иҷрои тавофуқҳои Комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ зарурӣ мебошад. Сарони ду кишвар ҳамчунин перомуни тавсеа ва густариши муносиботи байниминтақаӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои энержӣ, маъдан, таъсиси корхонаҳои муштараки тавлидӣ, интиқоли пул ва маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия суҳбат карданд.