Эҳтимоли ҳукми 20 соли зиндон барои ду тоҷик дар Русия
(last modified 2018-06-10T03:40:38+00:00 )
Июн 10, 2018 08:40 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли ҳукми 20 соли зиндон барои ду тоҷик дар Русия

Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Русия ба иттиҳоми мушорикат дар гурӯҳи террористии ДИИШ боздошт шудаанд, дар сурати исботи иттиҳом, мумкин аст ба 20 соли зиндон маҳкум шаванд.

Ба гузориши сомонаи Додгоҳи олии Русия, ахиран додгоҳи минтақаи Мишинскийи шаҳри Маскав бар асоси дархости додситонии ин ноҳия, ҳукми боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як сокини ҷумҳурии худмухтори Кабардино Балкарияро ба муддати ду моҳ содир кард.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, бародарон Туйчиев шаҳрвандони Тоҷикистон ва А. Толопов шаҳрванди Русия ва сокини худмухтори Кабардино Балкария боздошт шудаанд ва баррасӣ ва такмили парвандаи ҷиноии онон то панҷуми августи соли ҷорӣ идома хоҳад дошт.

Иттиҳоми ин се нафар мушорикат ва кумаки молӣ ба созмони террористии ДИИШ, унвон шудааст.

Мақомоти додстонии Русия мегӯянд, дар сурати исботи иттиҳомоти эъломшуда, додгоҳ метавонад ҳар як аз ин се нафарро ба 20 соли зиндон маҳкум кунад.

 Чанде қабл додгоҳи шаҳри Ижевский дар маркази Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми таблиғи афкори гуруҳи террористтии ДИИШ ва даъват аз ҷавонон барои рафтан ба Сурия ба василаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ба 10 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳамчунин додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе М. Зиёев шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми таблиғи ҷавонони тоҷик барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар Русия ба 14 соли зиндон маҳкум кард.