Июн 11, 2018 14:15 Asia/Dushanbe
  • Сурудаи шоири тоҷик дар мадҳи Рамазон

Аъзам Хоҷаев, шоири тоҷик ва зодаи Хуҷанди Тоҷикистон аст.

Аз ин шоири соҳибсабки тоҷик, токунун чанд маҷмӯаи шеър бо номҳои "Чашмаи шоир" , "Соярӯшан" , "Чашмаи зулол" ва "Сапедаро салом" дар Тоҷикистон ва Эрон мунташир шудааст.

Имрӯза вай яке аз шоирони матраҳ дар ҳалқаҳои форсигӯӣ минтақа ба ҳисоб меояд.

Аъзам Хоҷаев (Хуҷаста) ҳамчунин дар замони сукунат дар Эрон, коршинос, хабарнигор, мутарҷим ва таҳиякунандаи барномаҳои Радиои тоҷикии Садои Хуросон буд.

Бо таваҷҷуҳ ба ҳолу ҳавои моҳи мубораки Рамазон, шеъри "Чист рӯза"-и ин шоири бузурги тоҷикро бихонед:

Дар ситоиши Рамазон

Чист рӯза? Як набарди тан ба тан,

Як ҷиҳоде бо сипоҳи «ман» ва «МАН».

Корзоре аз бақову аз фано,

Санҷише аз худ ба руҳи хештан.

Иҷтиноб аз обу нон охир ки чи?

Қурби ҷону тан ба Холиқ доштан.

Рӯза - васли руҳ бо он Руҳбахш,

Дурӣ аз ишкам – адуи ҷону тан.

Боз кардан чашми дил бар сӯи Ҳақ,

Бастан аз гуфторҳои бад даҳан.

Базми тоат, базми нури давлат аст,

Чун Худо мехонадат, пас сар бизан.

Рӯза худ ойинаи Ҳақбоварист,

Шустан аз худ гарду хоки ширку занн.

Рӯза – пайкоре ба ҳар бегонагӣ,

Рӯза яъне сохтан дар худ Ватан.

Рӯ ба даргоҳи Худо овар, азиз,

То наёбад раҳ ба дилҳо аҳриман.

Як даме худ бош берангу риё,

Он ниқоби сурати худро бикан.

Ҳар қадар аз рӯза гӯям андак аст,

Пас салоҳ он аст, кам гӯям сухан.…