Июн 11, 2018 19:22 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ аз амалкарди мақомоти Тоҷикистон

Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) дар як изҳорот гуфт, дар як соли охир беш аз 100 узви собиқи ин ҳизби мухолиф аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дастгир шудаанд.

Ба иттилои Форс, аз ин шумор, бино ба изҳороти ҲНИТ, 2 нафар ба ҳалокат расида, 27 нафар ба муҳлати аз 3 то 25 сол маҳкум ба зиндон шудаанд.

ҲНИТ дар изҳороташ, ки рӯзи 11 июн нашр шуд, идомаи боздоштҳои аъзо ва тарафдоронаш аз ҷониби мақомоти Тоҷикистонро маҳкум карда, онро "интиқомгирӣ, ғайриахлоқӣ ва идомаи аҳдшиканиҳои ҳукумат” номидааст.

ҲНИТ мегӯяд, раҳбарияташ ҳанӯз дар соли 2015, дар пайи манъи фаъолияташ аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон, фаъолияти худро дар дохили кишвар қатъ кард ва вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ ваъда дода буд, ки касеро барои узвит дар ҲНИТ ваё ҳамкорӣ бо он таъқиб нахоҳанд кард.

Аммо, омадааст дар изҳорот, бар хилофи ин ваъдаҳо, "аз нимаи дуюми 2017 то имрӯз беш аз 100 собиқ мухолифинро боздошт кард, ки аз ин 2 нафарашон бар асари шиканҷа дунёро падруд гуфтанд, 5 нафарон дар СИЗО қарор доранд ва 27 нафар аз 25 то 3 сол равонаи зиндон шуданд.”

ҲНИТ ин боздоштҳоро баёнгари он медонад, ки "ҳукумат ба хотири нигаҳ доштани мардум дар ҳолати тарси ҳамешагӣ сиёсатҳои интиқомҷӯёна ва саркубгароёнаи худро идома медиҳад, ки ҷону озодии ҳамаи тарафдорони мухолифин дар кишвар зери хатар қарор мегирад ва имконияти боздошт, шиканҷа, зиндонӣ шудан ва фишору таъқиб ҳамеша вуҷуд дорад. Ҳукумат бо таҳдид ва роҳҳои дигари ғайриқонунӣ ба сафари шаҳрвандон, ба хусус барои тарафдорон ва аъзои хонаводаи фаъолони сиёсӣ монеа эҷод намуда, Ватанро ба як зиндони бузург барои онҳо табдил додааст.”

Додгоҳи олии Тоҷикистон 28 сентябри соли 2015, ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз саркӯби ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) фаъолияти ҲНИТ-ро, аз ҷумла ба далели даст доштан дар ин ошӯб манъ кард. ҲНИТ бо қарори мақомоти Душанбе ба ҳарду рӯйхати сиёҳи созмонҳои ифротӣ ва террористӣ шомил карда шуд.

 

Барчасп