Июн 12, 2018 08:52 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба боздошту таъқиби 100 узви ҲНИТ

Сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ҳанӯз феҳрастеро, ки Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ дар бораи боздошту таъқиби 100 узви ин ҳизб дар як соли ахир мунташир карда, надидааст.

Ба гузориши сойти “ТопTJ”, Шӯрои сиёси Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар хориҷ бо интишори баёния ва феҳрасте муддаӣ шуд, ки дар нимаи дувуми соли 2017 ва имсол наздик ба 100 нафар аз аъзои ин ҳизб дар дохили Тоҷикистон боздошт шуда ва ё таҳти таъқиб қарор гирифтаанд. Дар ин баёния таъкид шудааст, ки бештари боздоштҳо дар вилояти Суғд буда ва ду нафар бар асари шиканҷа ҷони худро аз даст додаанд. Панҷ нафар низ дар боздоштгоҳ ҳастанд ва 27 тани дигар аз се то 25 сол ба зиндон маҳкум шудаанд. Аммо Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар посух ба ин баёния гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир бо феҳрасти ироашуда аз сӯйи Ҳизби наҳзат ошно нашуда ва наметавонад дар ин маврид ибрози назар кунад.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар таърихи 29-уми сентябри соли 2015 ба иттиҳоми нақш доштани масъулони Ҳизби наҳзати исломии ин кишвар дар ошӯби генерал Абдулҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ фаъолияти ин ҳизбро мамнӯъ кард ва даҳҳо нафар аз аъзои ин гурӯҳ ба иттиҳоми терроризм боздошт ва ба зиндон маҳкум шуданд. Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамвора бо радди ин иттиҳомот мегӯянд, ки ҳеҷ иртиботе бо ин моҷаро надоштаанд.