Молбохтагони бонкҳои варшикастаи Тоҷикистон умедвор бошанд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i35536-Молбохтагони_бонкҳои_варшикастаи_Тоҷикистон_умедвор_бошанд
Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар дастур додааст, бо ислоҳи “Қонуни лағви иҷозатномаи муассисаҳои молӣ” ва мутобиқ сохтани он бо Қонуни хадамоти шаҳрвандӣ, заминаи пардохти супурдаҳои шаҳрвандони ин кишварро фароҳам созад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 13, 2018 04:29 Asia/Dushanbe
  • Молбохтагони бонкҳои варшикастаи Тоҷикистон умедвор бошанд

Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар дастур додааст, бо ислоҳи “Қонуни лағви иҷозатномаи муассисаҳои молӣ” ва мутобиқ сохтани он бо Қонуни хадамоти шаҳрвандӣ, заминаи пардохти супурдаҳои шаҳрвандони ин кишварро фароҳам созад.

Ба гузориши “Азия плюс”, ин мавзуъ умеди молбохтагонро ба гирифтани сармояҳояшон аз бонкҳои варшикаста афзоиш медиҳад.

Қаблан бар асоси Қонуни лағви иҷозатномаи муассисаҳои молӣ, дар сурати лағви муҷаввизи бонкҳо ва муассисоти молӣ ва эътиборӣ, дар марҳалаи нахуст қарзи ин ниҳодҳо ба вазоратҳо ва созмонҳои давлатӣ ҳисобу китоб (тасвия ҳисоб) мешуд ва баъд супурдаҳои шаҳрвандон пардохта мешуд, ки солҳо ба дунболи бозпасгирии сармоя ва пулҳои худ буданд ва ба ҷое намерасид.

Акнун Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муваззаф шудааст, бо мутобиқ сохтани ин ду қонун, авлавияти пардохти қарзҳои молии бонкҳо ва марокизи молӣ ва эътибории варшикастаро ба шаҳрвандон илзомӣ кунад то умедҳо ба бозпасгирии пули афродро афзоиш диҳад.

Солеҳҷон Ҷӯраев, узви Анҷумани байналмилалии вакилони мудофеъ мегӯяд, тайи се соли ахир барои дастёбӣ ба ин ислоҳия, беш аз 79 бор мавзӯи авлавият доштани шаҳрвандони молбохта барои бозпасгирии манобеи молии худро матраҳ кардааст, ки дар ниҳоят Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон бо ин тарҳ мувофиқат кард.

Яке аз бонкҳои варшикаста ва иҷозатномааш бекоршуда дар соли 2017 “Тоҷпромбонк” аст, ки наметавонад бо муштариёни худ тасвияҳисоб кунад.

Давлати Тоҷикистон дар соли 2016 барои наҷоти “Тоҷпромбонк” аз буҳрони камбуди манобеи молӣ, 56 миллион доллар ихтисос дод, ки ин кумак низ натавонист вазъияти ин ниҳоди молиро беҳбуд бахшад.

Коршиносон арзиши 117 марказ ва амволи “Тоҷпромбонк”-ро, ки барои бозпардохти қарзҳои он ба фурӯш гузошта шудааст, 450 миллион сомонӣ (муодили 51 миллион доллар) эълом мекунанд, ки 100 миллион сомонӣ камтар аз мизони қарзҳои ин ниҳоди молӣ аст.