Қатъӣ шудани эъзоми 30 муаллими дигар аз Русия ба Тоҷикистон
Вазорати маориф ва улуми Тоҷикистон аз қатъӣ шудани эъзоми 30 муаллими дигар аз Русия ба ин кишвар дар соли таҳсилии нав хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории “Тоҷик.Та”, ин дар ҳолест, ки Русия дар соли 2017 барои тадрис дар мактабҳои Тоҷикистон 30 муаллим ба ин кишвар равон кард ва имсол низ 30 омӯзгори дигар ба Тоҷикистон хоҳанд омад.
Бештари муаллимони русзабон пас аз як соли фаъолият дар макотиби ин кишвар, ризоияти худро аз шароити маишатӣ ва бархурди мӯҳтарамонаи масъулон ва мардуми Тоҷикистон эълом ва идомаи кору зиндагиро дар ин кишвар хостор шудаанд.
Аз ин теъдод 7 нафар дар макотиби вилояти Хатлон, 8 нафар дар вилояти Суғд, 6 нафар дар шаҳри Душанбе, 6 нафар дар ноҳияҳои тобеи марказ ва 2 нафар низ дар вилояти Бадахшон ба тадриси улуми мухталиф ба забони русӣ машғуланд.
Ҳукумати Русия мутааҳҳид шудааст, бо пардохти 60 ҳазор рубл (ҳудуди ҳазор доллар), бимаи дармонӣ ва ҳазинаи бори изофии муаллимони забони русиро дар сафарҳои ҳавоӣ ба Тоҷикистон таъмин кунад.
Ҳамчунин бар асоси қарордоди дуҷониба, кишвари Тоҷикистон низ маскан ва ҳазинаи парвози омӯзгорони забони русиро таъмин мекунад.
Ин иқдом бо ҳадафи афзоиши кайфияти тадриси забони русӣ дар Тоҷикистон, афзоиши теъдоди мактабҳои русӣ дар ин кишвар ва таҳкими равобити илмӣ ва фарҳангии Маскав ва Душанбе анҷом мешавад.
Қаблан хонум Олга Василева, вазири маориф ва улуми Русия дар дидор бо Нуриддини Саид, ҳамтои тоҷики худ дар Душанбе гуфта буд, ки Маскав панҷ мактаби нав бо сармоягузории худ дар Тоҷикстон месозад ва ин мактабҳоро ба имконоти омӯзишӣ, муаллим ва китоб таҷҳиз хоҳад кард.