Нигаронии наздикони Қиёмиддини Ғозӣ аз вазъи саломатии вай
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i35574-Нигаронии_наздикони_Қиёмиддини_Ғозӣ_аз_вазъи_саломатии_вай
Наздикони Саид Қиёмиддини Ғозӣ воизи маъруфи солҳои навадум шикоят кардаанд баъд аз эъломи ҳукми додгоҳи олӣ, мақомот иҷозаи мулоқот бо ин руҳонии зиндониро ба онҳо надодаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 13, 2018 09:40 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии наздикони Қиёмиддини Ғозӣ  аз вазъи саломатии вай

Наздикони Саид Қиёмиддини Ғозӣ воизи маъруфи солҳои навадум шикоят кардаанд баъд аз эъломи ҳукми додгоҳи олӣ, мақомот иҷозаи мулоқот бо ин руҳонии зиндониро ба онҳо надодаанд.

Ба нақл аз манобеъи хабарии тоҷикӣ, Саид Қиёмиддини Ғозӣ моҳи ноябри соли гузашта боздошт ва моҳи майи имсол бо се ҷурм аз ҷумла хиёнат ба давлат, ба 25 сол зиндон маҳкум шуд.

Хонаводаи ӯ иддао кардаанд ӯ пас аз интиқол ёфтан аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба СИЗО-и Вазорати Адлия дар оғози моҳи июн дучори комма шуд; иддаое, ки мақомоти зиндон онро тасдиқ ё рад накардаанд.

Бибимаъмура Қосимова ва Раҷабгул Мусулмонова модару ҳамсари Саид Қиёмиддини Ғозӣ рӯзи сешанбе гуфтанд дар ҳоли ҳозир ӯ дар бемористоне наздики зиндони Кирпичний  дар шаҳри Ваҳдат бистарӣ аст.

Раҷабгул Мусулмонова гуфтааст ҳамсараш чаҳор руз дар беҳушӣ ба сар бурда ва имрӯз андаке ҳушёр шуда ва суҳбат кардааст.

Мақомоти расмӣ ҷузъиёти хабари бемории Саид Қиёмиддини Ғозиро эълом намекунанд.

Илҳом Муҳаммадов-муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия гуфтааст: Ҳамаи ашхоси дар боздоштгоҳ чи ашхосе монанди Қиёмиддини Ғозӣ ё ҳар шахси дигаре таҳти муроқибат ҳастанд, тандурустии онҳо таҳти назорати ҷиддӣ аст ва ҷойи ҳеҷ нигароние нест.

Ҳамсари ин руҳонии 66 сола гуфтааст вай бемории дил, қанд ва фишори хун дошт ва ба ҳамин иллат барои саломатии ӯ нигаронанд.

Бибимаъмура Қосимова модари 95 солаи Қиёмиддини Ғозӣ  низ гуфтааст пизишкон ба онҳо як рӯйхати доруро додаанд, то барои табобати писараш дастрас кунанд.

Вай аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостааст писарашро бибахшад ва хидматҳое, ки вай барои ватанаш кардаастро дар назар бигирад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Саид Қиёмиддини Ғозӣ руҳонӣ ва воизи маъруфи солҳои навадро бар асоси қонуни Тоҷикистон ба "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ" ва  "хиёнат ба давлат" муҷрим шинохтааст.

Ҳануз мушаххас нашудааст, ки оё Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар додгоҳ ба ин иттиҳомот эътироф кардааст ва  на.

Саид Қиёмиддини Ғозӣ моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боздошт ва дар вазъияте мармуз ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Ин руҳонии 66 сола ҳамакнун дар ҳоли сипарӣ кардани давраи маҳкумияташ дар зиндон аст.