Ҳазфи пули нақди кирояи роҳ дар нақлиёти дохилии шаҳри Душанбе
(last modified Thu, 14 Jun 2018 03:50:35 GMT )
Июн 14, 2018 08:50 Asia/Dushanbe
  • Ҳазфи пули нақди кирояи роҳ дар нақлиёти дохилии шаҳри Душанбе

Аз 18 июн пардохти роҳкиро дар автобусу троллейбусҳо танҳо бо корти Citycard ба роҳ монда мешавад.

Ба иттилои Азия-Плюс, аз 18 июн пардохти роҳкиро дар автобусу троллейбусҳои шаҳри Душанбе бо пули нақд пурра бекор шуда, танҳо бо корти Citycard ба роҳ монда мешавад. Ин ҳатмӣ буда, талоши дуюми ҳукуматдорони пойтахт дар мавриди даст кашидан истифодаи пули нақд дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр аст.

Аз 1 апрели соли равон барои пардохти маблағи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт корти ягонаи нақлиётии Citycard ҷорӣ шуда буд, аммо мушоҳидаҳо гувоҳи онанд, ки то ҳол мусофирон ҳаққи роҳкироро бо пули нақд пардохт мекунанд.

Шабакаи телевизиони «Душанбе» алллакай ҳафтаи дуюм аст, ки рӯзе чандин маротиба навори рекламавиро бобати истифодаи ҳатмии кортҳои нақлиётии Citycard дар нақлиёти ҷамъиятӣ намоиш медиҳад.

Нархи роҳкирои як маротиба ба автобус нишастан дар Душанбе - 1 сомониву 20 дирам, троллейбус - 1 сомонӣ ва таксиҳои хатгард (маршруткаҳо) - 1 сомониву 60 дирамро ташкил медиҳад.

Як манбаъ аз КВД «Душанбенақлиётхидматрасон» маълумоти аз 18 июн даст кашидан аз пардохти пули нақд дар нақлиёти ҷамъиятиро тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки айни замон дар 285 троллейбусу автобусҳои шаҳр валидаторҳо (қабулкунандаҳои пардохти роҳкиро) гузошта шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки баъди ин марҳилаи пурра ҷоришавии кортҳои нақлиётӣ, дар маршруткаҳо ҳам валидаторҳо насб шуда, ҳамин тариқ, тамоми низоми нақлиёти ҷамъиятии Душанбе ба тарзи пардохти ғайринақдӣ гузаронида мешавад.

Кортҳои ягонаи Cityсard-ро метавон дар терминалҳо ва фурӯшгоҳҳо (киоскҳо)-и назди истгоҳҳои нави нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт харидорӣ намуд.