Июн 14, 2018 09:19 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Тоҷикистон фаъолияти корхонаи бофандагии Душанберо ғайри қобили пазириш хонд

Нахуствазири Тоҷикистон пас аз боздид аз бузургтарин корхонаи бофандагии шаҳри Душанбе фаъолияти ин маркази тавлидиро ғайри қобили пазириш хондааст.

Ба нақл аз Азия-Плюс, Қоҳир Расулзода гуфт, барои баррасии авзои ногувори ин корхона коргурӯҳи вижае шомили коршиносон ва мутахассисон ташкил шавад, то барои хуруҷи ин маркази тавлидӣ аз ин шароит чораандешӣ кунад.

Вай таъкид кардааст, ки барои бозсозии таҷҳизоти ин корхона, барномарезӣ шавад ва бо мушорикати бахши хусусӣ заминаи тавсеаи ин маркази тавлидӣ ва иштиғолзоӣ фароҳам гардад.