Сентябр 04, 2016 20:15 Asia/Dushanbe
  • Тағйири системаи омӯзишӣ ва таҳсилӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон дар соли таҳсилии ҷадид, шеваи ҷадиде аз омӯзиш дар давраи ибтидоиро ба кор гирифтааст, ки ба мӯҷиби он шеваи қаблӣ, ки баргирафта аз системаи Шӯравии собиқ буд, барчида хоҳад шуд.

Латофат Назирӣ, муовини Вазири маориф ва улуми Тоҷикистон дар ин бора гуфт, барои роҳандозии ин шеваи таълимии ҷадид, омӯзгорон дар се моҳи таътилоти тобистон давраҳои омӯзиширо фаро гирифтанд ва аз соли ҷадид равиши ҷадиди таҳсилӣ, ки баргирафта аз мадориси ғарбӣ аст, ҷойгузини шеваи қаблӣ хоҳад шуд.

Масъулони Вазорати улум ва маорифи Тоҷикистон мегӯянд, шеваи ҷадиди тадрис бар пояи равиши омӯзишии Амрико таҳия шудааст ва ба гуфтаи онон ба донишомӯзон имкон медиҳад бо равишҳои саргармкунанда ва тафреҳӣ таҳти омӯзиш қарор бигиранд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ин усули нави таълимро соли гузашта дар 55 мактаби Тоҷикистон таҷриба кардааст. Баъди ба даст омадани натиҷаи хуб аз ин тарҷиба соли ҷорӣ дар тамоми мактабҳо роҳандозӣ шудааст. Вазорат тасмим дорад, дар солҳои оянда низоми таълими салоҳиятнокро дар синфҳои болоӣ низ амалӣ кунад ва мактабҳои Тоҷикистон ба пуррагӣ ба ин низоми таҳсил мегузаранд.

Воқеият он аст, ки тарҳи тағйири системаи омӯзиши даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз солҳо пеш назди масъулони Вазорати омӯзиши ин кишварҳо матраҳ будааст.

Бавижа, ки ба гуфтаи мақомоти омӯзиши Тоҷикистон низоми таҳсилии ин кишвар ба вуҷуди гузашти наздик ба 25 сол аз истиқлоли ин кишвар ҳамчунон бар асоси системаи сад солаи суннатии мактаб ва мадрасаи замони Шӯраврии собиқ эъмол мешуд.

Коршиносони таҳиякунандаи ин тарҳи омӯзишӣ умедворанд, ки бо эъмоли шеваи ҷадиди омӯзишӣ ва ҳамчунин низоми арзишёбӣ, кайфияти омӯзишӣ дар мадорис ва донишгоҳҳои ин кишвар беҳбуд ёбд. Аз инрӯ мақомоти тоҷик тарҳи ду марҳалаиро барои ислоҳ ва беҳбуди вазъияти омӯзиш дар кишвар ба иҷро гузоштанд, ки бахши аввал дар соли 2011 амалиётӣ шуд ва тибқи барнома иҷрои бахши дувуми он барои соли таҳсилии 2016 пешбини шуда буд.

Аммо бо вуҷуди ин тағйирот, низоми омӯзишӣ дар Тоҷикистон ҳамчунон мутамаркиз аст ва куллияи мадориси ин кишвар ба истиснои мадориси узбакӣ ва русӣ аз китобҳои дарсии яксон истифода мекунанд.

Бо вуҷуди тағйири низоми омӯзишӣ, аммо баъид ба назар мерасад, ки аҳдоф ва вазоифи калони омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон, ки мубтанӣ бар таваҷҷӯҳ ба рушди ҳамаҷонибаи шахсияти донишомӯзон, парвариш қобилиятҳо ва истеъдоди донишомӯз дар заминаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фаннӣ ва фарҳангӣ аст, тағйир кунад.

Бо вуҷуди ин, мавзӯи кайфияти омӯзиш дар системаи омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон аз тариқи барномаҳои дарсӣ ва нақши муаллимон дар тарбияти нерӯи инсонӣ ба унвони муҳиммтарин омил дар ҳалли ин чолиш маддиназар буд, ки зоҳиран ин равия низ дастхуши тағйир хоҳад шуд, бо ин умед, ки кайфияти тарбияти нерӯи инсоние, ки ба унвони меъёри тавсеаи иҷтимоӣ, қудрати иқтисодӣ ва амнияти миллӣ талаққӣ мешавад, дастхуши тағйир шуда ва иртиқо ёбад.

Дар низоми ҷадиди омӯзиши Тоҷикистон танҳо чизе, ки камтар таваҷҷуҳ шудааст ва то кунун ба унвони нуқтаи заъфи ин система матраҳ буда, дастмузди кам ва ҳуқуқи андаки муаллимон, надоштани маҳоратҳои кофии онҳо дар омӯзиш ва заъфҳо дар зерсохтҳои лозим барои омӯзиш ва парвариш будааст. Дар шеваи ҷадиди омузишии Тоҷикистон низ зоҳиран ин маворид ҳамчун гузашта камтар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.

Дар санади навсозӣ дар бахшҳои мухталифи омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон, ки дар соли 2007 мунташир шуд, бар мавориде назири таваҷҷуҳ ба нақши омӯзиш ва парвариш дар рушди ҷомеа, густариши омӯзиш ва парвариши ғайридавлатӣ, аҳамият қоил шудан барои ҷойгоҳи муаллим аз сӯи ҷомеа ва давлат, тақвияти робитаи мадорис бо мактабҳо ва хонаводаҳо, тақвияти назорати хонаводаҳо бар амалкарди мадорис, парвариш ва кашфи истеъдоди донишомӯзон таъкид шудааст.

Аммо зоҳиран мавориде назири таърифи роҳбурдҳои марбут ба навсозии барнома, аз ҷумла ҳамоҳангии барномаҳои дарсӣ бо интизороти ҷомеа ва ниёзҳои фардӣ, беҳбуди фароянди омӯзиш, тадрис ва аз ҳама муҳиммтар инъитоф дар барномаҳои дарсӣ бо таваҷҷуҳ ба тафовутҳои ҷуғрофиёӣ ва фарҳангӣ, камтар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст, ки худ метавонад барои системаи ба истилоҳ омӯзиши ғарбӣ, барои ҷомеае ҳамчун Тоҷикистон аз заъфи барномарезӣ ва заъфи пояи иқтисодӣ ранҷ мебарад, нуқтаи заъфи бузурге бошад, ки ҳамаи барномаи ислоҳи системаи омӯзишии ин кишварро таҳти таъсир қарор диҳад, бидуни ин ки гоми асаргузоре дар ҷиҳати тақвияти сохтори омӯзиш дар Тоҷикистон бардошта шуда бошад.