Июн 17, 2018 10:25 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди шадиди нависандаи тоҷик аз бардоштани рӯсарии бонувон

Як нависандаи тоҷик мӯътақид аст, дар Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти мухталиф, вақт ва неруи фаровоне барои бардоштани русарӣ аз сари бонувон ва тарвиҷи фасод ва фаҳшо гузошта мешавад, ки ин ҳокӣ аз ғафлати ҷиддӣ аз соири масоил ва мушкилот аст.

Хонуми Гули Зард дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, бо интиқоди шадид аз тамаркуз бар рӯйи ин мавзӯъ навиштааст, Шӯравӣ тайи 70 сол натавонист бонувони мусулмонро аз доштани рӯсарӣ маҳрум кунад.

Ӯ идома додааст, аммо имрӯз дар ҷомеае, ки аз китоби алифбои синфи аввалаш то иқтисоду фарҳангаш иштибоҳот ва мушкилоти зиёде дорад, бардоштани рӯсарии бонувон ба мавзӯи аввали ҷомеа табдил шуда, ки бояд мояи шарм ва хиҷолат бошад.

Ба гуфтаи ин нависанда, дар Қонуни танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон ҳеҷ банде дар мавриди пӯшиши бонувон вуҷуд надорад ва маъмурони камсавод бо истифода аз дониши поини ҳуқуқии занон, мушкилро дар доштани рӯсарӣ мебинанд.

Ӯ тазаккур додааст, бояд ба ҷойи таблиғи фарҳанги бараҳнагӣ, урёнӣ, фасод ва фаҳшо, дар фикри тарбияти исломии бонувон ва дур нигаҳ доштани онон аз ин авомили мухарриб бошем, ки ҳеҷ иртиботе бо арзишҳои миллӣ ва динии мардуми Тоҷикистон надорад.

Аз ин рӯ пешниҳод мешавад, ки барои тазмини ояндаи солими ҷомеаи худ, роҳеро, ки Худо ва дини Ислом барои мо тарсим карда дар пеш гирем то бозхост нашавем ва он рӯз, чӣ рӯзи сахте хоҳад буд.