Июн 19, 2018 16:49 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо мақомоти аршади байналмилалӣ

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Чжэнмин дидор намуд.

Ба иттилои Форс, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба муовини Дабири кулли СММ Лю Чжэнмин барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 миннатдорӣ изҳор намуда, нақши СММ-ро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ баланд арзёбӣ кард.

Зимни мулоқот вазир аз сатҳи муносибати муштарак изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳовасмандии Тоҷикистонро дар масъалаи густариши ҳамкории самарабахш бо СММ дар амалисозии барномаҳое, ки барои ноилгардӣ ба ҳадафҳои рушди устувор равона шудаанд, изҳор намуд.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин бо роҳбари Маркази минтақавии СММ Наталя Герман мулоқот намуд.

Зикр шуд, ки дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо алоқамандии самимии хешро ба таҳкиму тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо СММ дар самту соҳаҳои мухталиф, аз қабили таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини рушди устувори ҷомеа, ҳифзу мудирияти захираҳои об баён намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ Петер Буриан низ дидор кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.