Дидори вазири неруи Эрон бо вазири хориҷаи Тоҷикистон
Вазири неруи Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳошияи Конфронси байналмиллалии "Об барои рушди устувор 2018-2028" дар шаҳри Душанбе бо вазири хориҷаи Тоҷикистон дидор ва дар бораи охирин вазъияти равобити дуҷониба ва роҳҳои тавсеаи он ба вижа дар бахши энержӣ табодули назар карданд.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, дидори Ризо Ардакониён бо Сироҷиддин Муҳриддин асри чаҳоршанбе дар маҳалли "Кохи Сомон" сурат гирифт.
Ардакониён бо ишора ба ташаббуси Тоҷикистон дар ироаи пешниҳоди номгузории Даҳсолаи 2018-2028 ба унвони даҳаи байналмиллалии "Об барои рушди устувор" ва тасвиби он аз сӯи Маҷмаъи умумии Созмони миллал омодагии Теҳронро барои амалисозии ҳадафҳои он дар заминаи тавсеаи ҳамкориҳои обӣ ба вижа дар минтақаи Осиёи марказӣ эълом кард.
Вазири неру ҳамчунин ба баргузории комиссиёни муштараки иқтисодии ояндаи ду кишвар дар Теҳрон ишора кард ва онро фурсати муносибе барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф баршуморд.
Ардакониён дар идома бар истифода аз зарфиятҳои кишоварзии муносиби Тоҷикистон барои ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи кишти фарозаминӣ таъкид ва бо ишора ба гуфтугӯҳои ду кишвар дар чорчуби комиссиони муштарак, хостори тавсеаи ҳамкорӣ дар ин ҳавза шуд.
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳам бо ишора бар иштирокоти фаровони ду миллати ҳамзабон, бар зарурати тақвият ва таҳкими ҳамкориҳо ба хусус дар ҳавзаҳои обу энержӣ таъкид ва омодагии ин кишвар барои ҳамкорӣ дар кишти фаросарзаминӣ эълом кард.
Конфронси байналмиллалии "Об барои рушди устувор" тайи рӯзҳои 20 ва 21 июн дар шаҳри Душанбе бо ҳузури теъдоди зиёде аз меҳмонони хориҷӣ аз кишварҳои мухталиф дар ҳоли баргузорӣ аст ва қарор аст иқдомоти муртабит бо мудирияти об ва ҳадафи шашуми санади тавсеаи устувор мавриди баррасӣ қарор гирад.