Июн 23, 2018 14:34 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мубодилоти бозаргонии Ӯзбакистон ва Тоҷикистон

Мубодилоти бозаргонии Ӯзбакистон ва Тоҷикистон дар панҷ моҳи гузаштаи соли 2018-и мелодӣ то 94 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин шохис нисбат ба муддати мушобеҳи соли 2017-и мелодӣ ду баробар бештар аст.

Аз Тоҷикистон ба Ӯзбакистон колоҳое ба арзиши беш аз 54 миллион доллар ворид ва аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон колоҳое дар ҳудуди 40 миллион доллар содир шудааст.

Ӯзбакистон дувумин кишваре пас аз Молдова аст, ки бо Тоҷикистон мувозинаи мусбат дошт.

Ба таври куллӣ аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон маводи ғизоӣ ва мошин содир мешавад.