Июн 27, 2018 09:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми ҳабси абад барои чаҳор зани тоҷикистонӣ дар Ироқ

Додгоҳе дар Ироқ ахиран чаҳор зани тоҷикистониро ба иттиҳоми узвият ва ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористиии ДИИШ ба ҳабси абад маҳкум кард.

Ба гузориши “СА - нюз”, яке аз ин маҳкумшудагон хонум Нодирабегим Ҳамза, сокини ноҳияи Зафаробод дар вилояти Суғди Тоҷикистон аст, ки дар соли 2015 ба ҳамроҳи модар ва се бародараш барои пайвастан ба гурӯҳи ДИИШ ба Ироқ рафт.

Ҳамза Турабек, падари ин зан гуфтааст, духтараш пас аз поёни давраи таҳсилӣ дар омӯзишгоҳи тарбияти муаллим, орзу дошт муаллим шавад, аммо ба ҳамроҳи шавҳараш дар соли 2015 барои кор ба Русия рафт ва ба назар мерасад дар он кишвар ба доми фиреби мубаллиғони гурӯҳи ДИИШ гирифтор шуда бошад.

Вай таъкид кардааст, дар ҳоли ҳозир дар бораи ҳамсараш ва ду фарзандаш, ки ба Ироқ рафтаанд, ҳеҷ иттилое надорад ва аз соли 2016 тамоси телефонӣ бо онон қатъ шудааст.

Акнун Ҳамза Турабек қасд дорад бо дарёфти раводиди сафар ба Ироқ аз сафорати ин кишвар дар Қазоқистон, ба дидори духтараш ба Бағдод биравад.

Умар Каримӣ, хабарнигори ироқӣ, ки додгоҳи ҷангҷӯёни ДИИШ дар Бағдодро пайгирӣ мекунад, бо таъйиди ҳукми ҳабси абад барои чаҳор зани тоҷикистонӣ гуфтааст, чанд кӯдак низ ба ҳамроҳи онон будаанд.

Вай таъкид кардааст, ин чаҳор зан дар додгоҳ иқрор кардаанд, ба ҳамроҳи шавҳарони худ ба ин кишвар омадаанд.

Ин хабарнигори ироқӣ гуфтааст, занони зиндонӣ аз Русия аз хадамоти вакили мудофеъ ва мутарҷим бархурдор ҳастанд, вале бонувони дигар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чунин имконотеро надоранд.