Июн 28, 2018 11:08 Asia/Dushanbe
  • Рунамоӣ аз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва парчами Тоҷикистон дар Конибодом

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар сафар ба шаҳри Конибодом аз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ рунамоӣ кард.

Ба нақл аз Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар сафар ба Суғд дар шаҳри Конибодом, дар ҳошияи барномаҳои фарҳангии худ аз муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ва парчами кишвар, ки дар боғе фарҳангӣ-фироғатӣ бунёд ниҳода шудааст рунамоӣ кард.

Барои сохти ин боғ ва муҷассама, ки аз моҳи марти соли 2018 оғоз шуда буд 8 миллион сомонӣ ҳазина шуддааст.

Масоҳати ин боғ 9 ҳазору 500 метри мураббаъ ва баландии муҷассамаи Исмоили Сомонӣ 7.5 метр аст. Ҳамчунин баландии парчаме, ки дар наздикии муҷассамаи Исмоили Сомонӣ барпо шуда, 43 метр аст.

Ба гуфтаи манбаъ ин боғ бар асоси стандартҳои рӯз бино шуда ва таъкид шудааст, ки дар оянда дар ин макон, ҳамоишҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор хоҳад шуд.