Июн 29, 2018 19:54 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳузури Тоҷикистон дар намоишгоҳи ЭКСПО 2020 дар Дубай

Раиси утоқи бозаргонии Тоҷикистон бо муовини раиси намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-и Аморот, дидор ва дар бораи ҳузури Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ музокира кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Шариф Саид раиси утоқи бозаргонии Тоҷикистон бо Умар Шаҳид муовини раиси намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО 2020 дар Дубай дидор ва дар бораи масоили созмонӣ ва фаннии ҳузури Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ гуфтугӯ карданд.

Тарроҳӣ ва сохти ғурфаҳо, таҳия ва насби таҷҳизот, масоили гумрукӣ ва молиётӣ, ҳамлу нақли маҳмулаҳои намоишгоҳӣ, шароити иҷтимоӣ ва сукунат, аз ҷумлаи мавзӯъҳое буд, ки дар ин мулоқот баррасӣ шуд.

Масоҳати маконе, ки барои ғурфаи Тоҷикистон дар назар гирифта мешавад, 430 метри мураббаъ аст, ки 230 метри мураббаъ дар табақаи аввал ва 200 метри мураббаъ дигар дар табақаи дувум (барои дафтар, анбор ва соири утоқҳои фаннӣ) аст.

Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО 2020 барои аввалин бор дар минтақаи Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва Осиёи Ҷанубӣ аз 30 октябри соли 2020 то 10 апрели сол 2021 дар шаҳри Дубайи Амороти муттаҳидаи араб баргузор мешавад.

ЭКСПО 2020 як намоишгоҳ дар миқёси ҷаҳонӣ аст ва интизор меравад, дар ин муддат беш аз 25 миллион нафар аз намоишгоҳи Дубай, ки беш аз 180 кишвар, созмонҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои бузург дар он ҳузур доранд, боздид кунанд.