Июн 30, 2018 09:46 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қарзи ширкати “Барқи Тоҷик” ба нерӯгоҳи “Сангтӯда – 1”

Саҳҳомони нерӯгоҳи “Сангтӯда – 1” тайи нишасте дар шаҳри Душанбе эълом карданд, мизони қарзи ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” ба ин нерӯгоҳ тайи панҷ моҳи ибтидои соли ҷорӣ ба 20 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши сайти “Азия плюс”, дар ин нишаст таъкид шуд, мизони қарзи молии ширкати “Барқи Тоҷик” ба нерӯгоҳи обии “Сангтӯда – 1”, ки дар соли 2017-ум 100 миллион доллар эълом шуда буд, тайи панҷ моҳи ибтидои соли ҷорӣ ба 120 миллион доллар расидааст.

Нерӯгоҳи обии “Сангтӯда – 1”, ки тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, дар соли 2009 ба баҳрабардорӣ расид ва 12 дарсад аз кулли барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои барқӣ- обии Тоҷикистонро ба худ ихтисос додааст.

Русия 75 дарсад ва Тоҷикистон 25 дарсад аз саҳми молии нерӯгоҳи обии “Сангтӯда – 1”-ро дар ихтиёр доранд.

Ин нерӯгоҳ дар соли 2017 беш аз як миллиарду 849 миллион киловатт соат барқ тавлид кардааст.

Ҳаҷми умумии тавлиди барқ дар ин нерӯгоҳ аз замони баҳрабардорӣ аз он дар соли 2009, ба беш аз 17 миллиард киловатт соат расидааст.

Коршиносони масоили иқтисодӣ сабаби асосии афзоиши қарзи молии ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” ба нерӯгоҳи обии “Сангтӯда – 1”-ро нотавонии бахши хонагӣ, корхона ва ширкатҳои давлатӣ дар пардохти қабз (квитансия)-и барқи масрафӣ унвон мекунанд.