Июн 30, 2018 13:38 Asia/Dushanbe
  • Муқобилаи русҳо бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар Тоҷикистон ва Қирғизистон

Сухангӯи Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Русия аз эҷоди гурӯҳҳои вижаи низомӣ барои мубориза бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ, монанди Тоҷикистон ва Қирғизистон хабар дод.

Ба гузориши сайти Фарғона, Сергей Шорин идома дод, чунин гурӯҳҳои вижае, ки шомили мутахассисони ҷанги электронӣ ва дифои ҳавоӣ ҳастанд, дар тамоми воҳидҳои Ситоди марказӣ, аз ҷумла дар ду пойгоҳи низомии кишварҳои Осиёи Марказӣ эҷод шудаанд.

Ӯ бо баёни ин ки барои инҳирофи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин аз истгоҳҳои вижае истифода мешавад, ки тадохули радиоӣ эҷод мекунанд, афзуд, нахустин бор аз ин таҷҳизот дар минтақаи Алтай, Кемерово ва Новосибирски Русия истифода шудааст.

Шорин афзуд, ба ин проект дар пойгоҳи низомии 201-и Русия, мустақар дар Тоҷикистон низ аҳамияти вижае дода мешавад, агарчӣ дар ин кишвар баҳрабардорӣ аз таҷҳизоти ҷадид ба далоили шароити душвори иқлимӣ сахттар аст.

Пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон бузургтарин маркази низомии Русия дар хориҷ ба шумор меравад.

Дар соли 2012-и мелодӣ тавофуқномаи ҳузури ин пойгоҳ дар хоки Тоҷикистон то соли 2042-и мелодӣ тамдид шуд.

Бо ин ҳол, тарафи рус омодагии худро барои ироаи кумакҳои лозим ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон эълом кардааст. Ба таври мисол дар декабри соли гузаштаи мелодӣ Маскав ба Душанбе чархбол, таҷҳизоти иртиботӣ ва дифои ҳавоӣ, низомӣ, пизишкӣ ва топографӣ додааст.

Дар Қирғизистон ҳам чаҳор воҳиди низомии Русия, аз ҷумла пойгоҳи ҳавоӣ, майдони озмоишӣ, маркази ларзашиносӣ ва маркази мухобироти нерӯҳои дарёӣ мустақар ҳастанд.

Аз назари қонунӣ ин воҳидҳо ҳамчун як пойгоҳи низомӣ ба шумор мераванд.

Музокирот дар хусуси эҷоди дувумин пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Қирғизистон шуруъ шуд ва дар сурати мувофиқати ду тараф, эҳтимол меравад, ки дувумин пойгоҳи русҳо дар маркази вилояти ҷанубии ин кишвар мустақар шавад.

Қазоқистон севумин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки дар қаламрави он пойгоҳҳои низомии Русия қарор доранд, вале бар хилофи Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар ин кишвар пойгоҳи ҷомеи низомии Русия вуҷуд надорад.

Дар Қазоқистон воҳидҳои ҷудогонае аз ҷумла майдони размоиш, маркази мухобироти радиоӣ ва истгоҳи андозагирӣ фаъолият мекунанд.