Июн 30, 2018 19:59 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиде аз тарафи марзҳои Афғонистон ба Тоҷикистон вуҷуд надорад

Сухангӯи нируҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, таҳдидот ва ҳамалоти мустақими гурӯҳҳои мусаллаҳ аз қаламрави Афғонистон ба хоки ин кишварро рад кард.

Ба гузориши Форс, Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нируҳои марзбони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар нишасте ҳамалоти мустақими гурӯҳҳои мусаллаҳ ба хоки ин кишвар аз самти Афғонистонро рад кард.

Вай гуфт, мо ба таври дақиқ вазъияти марзҳои худ бо Афғонистонро, бавижа дар масирҳое, ки таҷаммӯъи нируҳои мусаллаҳ марбут ба созмонҳои ифротӣ ва террористӣ, аз ҷумла Толибон ва ДИИШ аст, пайгирӣ мекунем.

Улуғхоҷаев изофа кард, Душанбе ҳамзамон бархе иқдомоти лозим барои тақвияти манотиқи марзӣ, бо Афғонистонро анҷом медиҳад.

Вай афзуд, аммо дар ҳоли ҳозир зарурати интиқол ниру, силоҳ ва таҷҳизоти изофӣ аз марказ ба манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон вуҷуд надорад.

Сухангӯи нируҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон тасреҳ кард, ниру ва васоили мавҷуд дар марз барои дафъи талошҳо дар ҷиҳати убури ғайриқонунии марз, кофӣ аст.