Июл 01, 2018 18:13 Asia/Dushanbe
  • Шаҳри марзии Афғонистон ва Тоҷикистон аз ишғоли Толибон хориҷ шуд

Вазорати дифои Афғонистон хабар дод, ки нирӯҳои вижаи Урдуи давлатӣ рӯзи якшанбе банди таърихии Ойхонум дар марз бо ноҳияи Ҳамадонии Тоҷикистонро аз дасти ҷангиёни Толибон пас гирифтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ҷараёни амалиёт 10 чирикӣ кушта ва 15 тани дигар захмӣ шудаанд. Ойхонум шаби 30 июн дар натиҷаи як шабехун аз ҷониби ҷангиёни Толибон ишғол шуда буд.

Бино ба гузориши дафтари матбуоти вазорати дифои Афғонистон, ба нирӯҳои вижаи Урдуи давлатӣ муяссар шуд, ки рӯзи 1 июл назорати давлат бар бандари Ойхонум дар марзи вулусволӣ (ноҳия)-и Дашти Қалъаи вилояти Тахор бо ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлони Тоҷикистонро барқарор кунанд. Дар ҷараёни амалиёти озод кардани Ойхонум, ба гуфтаи мақомоти низомии Афғонистон, 10 ҷангӣ кушта ва 15 тани дигар захмӣ шудаанд.