Интернет омили ҷазби 90 дарсади ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои террористӣ
(last modified Mon, 02 Jul 2018 04:49:57 GMT )
Июл 02, 2018 09:49 Asia/Dushanbe
  • Интернет омили ҷазби 90 дарсади ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои террористӣ

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, ки 90 дарсад аз ҷавонони тоҷик аз тариқи интернет ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифиротӣ пайвастаанд

Ба гузориши Топ Тҷ, ин мақомот дар пайи як пажӯҳиш эълом кардаанд, ки аксари якҳзору 100 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо таблиғоти гурӯҳи ДИИШ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, аз тариқи интернет ба ин созмони террористӣ пайвастаанд.

Аз ин рӯ, барои муқобила бо таблиғоти гурӯҳҳои террористӣ ва ифиротӣ бар асоси ҳукми додгоҳҳои Тоҷикистон 2 ҳазору 30 вебсайт, 9 ҳазору 420 сафҳаи хусусӣ дар шабкаҳои иҷтимоӣ, масдуд ва дидани 4 ҳазору 200 навори таблиғкунандаи аҳдофи ин созмонҳо маҳдуд шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон низ ахиран бо ворид кардани ислоҳия ба қонуни ҷиноятии ин кишвар муҷозоти афроди муттаҳам ба ҳимоят дар фазои маҷозӣ аз таблиғоти гурӯҳҳои террористӣ ва ифиротиро ташдид кард, ки мусовӣ бо даъват барои барандозии низоми сиёсӣ, арзёбӣ мебошад. Қаблан ду сокини ноҳияи Вахш дар вилояти Хатлон ба иттиҳоми ҳимоят аз аҳдофи гурӯҳҳои террористӣ ва ифиротӣ дар фазои маҷозӣ ба 6 ва 9.5сол зиндон маҳкум шудаанд.

Бар асоси оморҳои манобеи расмии Тоҷикистон, беш аз 1ҳазору100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар қолаби гурӯҳҳои террористӣ ҳамчун ДИИШ дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ҳузур доштанд, ки беш аз 300 нафар онҳо кушта шудаанд.