Раҳмон хостори муҷозоти шадиди афроди зӯргир аз гардишгарони хориҷӣ шуд
(last modified Tue, 03 Jul 2018 04:06:16 GMT )
Июл 03, 2018 09:06 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон хостори муҷозоти шадиди афроди зӯргир аз гардишгарони хориҷӣ шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистонон иддае аз кормандони ниҳодҳои интизомӣ, марзбонӣ ва гумруки ин кишварро, ки аз гардишгарони хориҷӣ дархости пул мекунанд, хоинони миллат хонд ва ташдиди муҷозот барои ононро хостор шуд.

Ба гузориши “ТоpTJ”, Эмомалӣ Раҳмон бурузи чунин иқдомотеро монеи вуруди гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон дониста гуфт, кормандони мутахаллифи ин ниҳодҳо бояд ба шиддат муҷозот шаванд. Ӯ вуҷуди ин навъ бархурдҳоро мӯҷиби латма задан ба ҷойгоҳу эътибори байналмилалии Тоҷикистон унвон ва бар зарурати мурооти одоби муошират бо гардишгарони хориҷӣ ҳангоми вуруди онон ба ин кишвар таъкид кард.

Манобеи хабарӣ мегӯянд, тайи солҳои ахир чанд мавриди ришва гирифтан ё зӯргирии кормандони пулиси Тоҷикистон аз гардишгарони хориҷӣ, аз ҷумла аз руминиҳо, олмониҳо ва қазоқҳо мушоҳида шуда, ки бо шикояти онон ҳамроҳ будааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки тайи 5 моҳи нахусти соли ҷорӣ ба ин кишвар 900 ҳазор гардишгари хориҷӣ ворид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 400 ҳазор нафар бештар будааст. Ӯ гуфтааст, ки 600 ҳазор нафар аз ин афрод аз марзҳои вилояти Суғд вориди Тоҷикистон шудаанд.

Соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди гардишгарӣ, саноати дастӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом шудааст.