Июл 03, 2018 09:34 Asia/Dushanbe
  • Шикояти хонавода ва вакили мудофеи Бобоев ба ҷое нарасид

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бар асоси шикояти Созмони ғайридавлатии дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон ва вакили мудофеи Усмонбой Бобоев, ҷавони 30-солаи дорои тобеияти Русия, ки бар асари шиканҷа ҷони худро аз даст дод, амалкарди Додситонии кулли Тоҷикистонро мутобиқи қонун унвон кард.

Ба гузориши хабаргузории “Фарғона”, ин фард дар соли 2010 барои дидор бо волидайнаш ба ноҳияи Исфара омада буд, ки дар масҷиди ҷомеи ин шаҳр аз сӯйи кормандони идораи пулиси вилояти Суғд ба иттиҳоми узвият дар Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ боздошт шуд ва бар асари шиканҷа ҷони худро аз даст дод. Ҳарчанд колбадшикофӣ ва натоиҷи ташхиси пизишки қонунӣ (тиббӣ-судӣ) нишон дод, ки ӯ бар асари истифода аз шоки барқӣ ҷони худро аз даст додааст, шикояти волидайн ва вакили мудофеи марҳум тайи ин ҳашт сол ба ҷое нарсидааст. Пас аз мудохилаи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ин моҷаро дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баррасӣ ва эълом шуд, ки дар амалкарди Додситонии кулли Тоҷикистон нақзи қавонин мушоҳида нашудааст.

Ин бор Созмони ғайридавлатии дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон ва вакили мудофеи Усмонбой Бобоев дар ҳоле мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистонро ба додгоҳ кашидаанд, ки қаблан дар мавриди ин парванда навишта буданд, ниёзе ба бозбинии он вуҷуд надорад. Ба эътиқоди шикояткунандагон, мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон иттифоқоти марбут ба шиканҷа ва кушта шудани Усмонбой Бобоевро нодида гирифта ва танҳо талош кардаанд, бар ин ҷиноят сарпӯш бигузоранд.

Ин нахустин бор дар таърихи додгустарии Тоҷикистон аст, ки Додситонии кулли ин кишвар ба додгоҳ кашида шудааст, ҳарчанд дар моҷарои марги 8 сол қабли Усмонбой Бобоев ҳеҷ натиҷае ба даст наомад.