Июл 03, 2018 12:25 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши шумори қочоқбарони тоҷик дар Русия; дар соли равон

Ожонси назорати маводи мухаддири Тоҷикистон эълом кард, омори боздошти қочоқбарони маводи мухаддири тоҷик дар Русия дар соли 2018, 36 дар сад нисбат ба қабл гоҳиш ёфтааст.

Ба нақл аз Спутник, Шерхон Салимзода раиси Ожонси назорати маводи мухаддири Тоҷикситон гуфт: Боздошти қочоқбарони маводи мухаддири тоҷик дар русия 36 дар сад ва дар дигар кишварҳои хориҷӣ 33 дар сад коҳиш ёфтааст.

Бино бар иттилои Ожонси назорати маводи мухаддири Тоҷикситон, дар соли равон ҳеҷ маврид дар робита бо ҳамли маводи мухаддир аз шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи роҳи оҳан ба қайд гирифта нашудааст фақат як мавриди ҳамл тариқи ҳавопаймо ба сабт расидааст.

Ин дар ҳолест, ки шумори наъшамандони маводи мухаддир дар Тоҷикистон дар 5 соли ахир 4 дар сад ва дар соли равон 3.1 дар сад коҳиш ёфтааст.

манбаъ таъкид кардааст дар яку ним соли ахир 14 гуруҳи ҷиноятакор дар заминаи ҳамли мавод шиносоӣ ва пеши фаолияти онҳо гирифта шудааст ҳамчунин 41 нафар аз аъзои ин гуруҳҳо дастгир шудаанд.

Тоҷикистон, ки наздик ба 1400 километр марзи муштарак бо Афғонистон дорад яке аз гузаргоҳҳои аслии қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Осиёи миёна ва Русия аст.

Соли гузашта беш аз 10 тон аз анвоъи маводи мухаддир дар Афғонистон тавлид шудааст, ки дар навъи худ рекорд ба ҳисоб меояд.