Даъвати Рустами Эмомалӣ аз вакилони пойтахт
Рустами Эмомалӣ вакилони пойтахтро ба нишасти понздаҳуми Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе даъват кард.
Ба гузориши дафтари матбуотии мақомоти шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси шаҳри Душанбе рӯзи ёздаҳуми июл дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт гирди ҳам меоянд, то роҳҳои пешрафти пойтахти Тоҷикистонро баррасӣ кунанд.
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе рӯзи 2-юми июн бо имзои як қарор вукалои Душанберо ба иҷлоси понздаҳуми Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе даъват кардааст.
Дар ин қарор омадааст, дар ин ҷаласа гузориши раиси Комиссияи шаҳрии интихобот барои интихоби вукалои Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе ва тасдиқи ваколати онҳо баррасӣ мешавад. Ҳамчунин вукалои Маҷлис гузоришҳои ба дастомада аз татбиқи барномаҳо ва нақшаҳои шаҳри Душанбе дар бораи рушди саноат, фаъолияти бозаргонон ва сармоягузорон ва эҷоди иштиғолро баррасӣ хоҳанд кард.